КОРХОНАҲОИ КӮЛОБ НИЗ ДАР ОЗМУН ШИРКАТ МЕВАРЗАНД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Панҷ корхонаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон» омодагӣ гирифтаанд. Аз маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ориён Рустам», ки ба истеҳсоли ҳасиб, равғани растанӣ ва оби минералӣ машғул аст ва Ширкати «Чакан», ки сару либоси миллӣ истеҳсол мекунад аз ҷумлаи онҳоянд. Бояд гуфт, ки озмун дар якчанд марҳила доир гардида, аввал ғолибон дар шаҳру ноҳияҳо муайян мешаванд ва ин озмун дар арафаи Иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар ҷамъбаст карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






