КОРМАНДОНИ ҚАСРИ МИЛЛАТҲОИ МАСКАВ ДАР МЕҲМОНИИ ТОҶИКОН

Апрель 20, 2009 11:52

                Маскав, 20 апрел. (АМИТ «Ховар» Ҳалима Хушқадамова). — Ҳайати кормандони Қасри миллатҳои Маскав 22 апрел меҳмони «Иттифоқи тоҷикистониёни Федератсияи Русия» хоҳанд гашт. Дар ин бора раиси Шӯрои Қасри миллатҳои Маскав Ҷамил Сиддиқбеков ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Вай зикр намуд, ки Қасри миллатҳои Маскав айни ҳол 22 намояндаи нашрияҳои миллиро муттаҳид менамояд.                 Ҷамил Сиддиқбеков афзуд, ки мулоқоти кормандони Қасри миллатҳо бо намояндагони ҷамъиятҳои миллӣ вақтҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин шакли ҳамкорӣ натиҷаи хуб медиҳад. Дар ин мулоқотҳо намояндагони Ҳукумати Маскав, сафоратхонаҳо ва журналистон ширкат меварзанд. Қайд карда шуд, ки кормандони Қасри фарҳанги Маскав чанд рӯз пеш меҳмони Ҷамъияти миллии озарбойҷониҳо гардида буданд.

Апрель 20, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад