ЛИБОСИ РАСМИИ ЯГОНА БАРОИ ХОДИМОНИ ДИН

Апрель 14, 2009 16:31

                  Раёсати динии мусулмонони Қирғизистон барои ходимони дини мамлакат либоси ягонаи расмиро тасдиқ намуд. Сардори муфтиёти мамлакат Муродалӣ оҷи Ҷумонов зикр кард, ки минбаъд роҳбарони қозиёти ҳафт вилоят, инчунин шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш маросимҳои динӣ ва намозгузориро бо либоси нав ба ҷо хоҳанд овард.                 Қарор дар бораи муқаррар намудани либоси ягонаи расмии ходимони дин дар Қирғизистон охири соли 2008 зимни мулоқоти роҳбарияти Раёсати динии мусулмонони мамлакат бо котиби Шӯрои амният Одохон Мадумаров қабул шуда буд. Ба ақидаи М.Ҷумонов, ҳадафи ин тадбир ба рӯҳияи фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои халқи қирғиз мувофиқ сохтани симои ходимони дин мебошад.                  Либоси ягонаи ходимони дини Қирғизистон чапони рангаш сафед аст, ки бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Чапони роҳбари муфтиёти мамлакат бо нақшу нигори нисбатан мураккаб фарқ мекунад.  Роҳбарони ташкилотҳои динӣ инчунин бояд нишоне дошта бошанд, ки дар он акси санги сиёҳи Каъба тасвир ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки ходимони дин минбаъд тамоми маросимҳои диниро бо либоси нав анҷом хоҳанд дод.                                                                         Центр Азия ру.                                                             (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)  

Апрель 14, 2009 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад