МАЪРАКАҲО КАМХАРҶ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҷиҳати амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ ҷамъомад гузаронида шуд. Дар ҷамъомади мазкур роҳбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, муовини аввали раиси Кумита генерал — майор Маҳмадулло Ҳалимов иштирок намуда, зикр карданд, ки қабули қонуни мазкур ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии мардум қабул карда шудааст. Бо қабули қонуни зикршуда дар ҷумҳурӣ гузаронидани маросиму анъанаҳои миллӣ ба танзим дароварда шудаанд. Онҳо ҳамчунин роҷеъ ба аҳамияти қабули ин қонун ва роҳҳои татбиқи минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ табодули назар карданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






