МАВОДИ ТАРКАНДА НИЗ ҲИСОБ ДОРАД
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Дар Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Дар он муовини аввали сардори идора Сиҷоуддин Мирзоев доир ба фаъолияти соҳа дар давоми се моҳи гузашта маълумот дод. Дар нишасти мазкур дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд. Ҳамчунин ба ваколати Саридора пешбурди Феҳристи давлатии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок, Кадастри давлатии маводи тарканда мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсоли хатарнок» ва «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ» вогузор карда шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






