НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИШВАРҲОИ АРАБӢ БОЛО МЕРАВАД

Апрель 21, 2009 17:21

                   Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷик» ба забони арабӣ тарҷума ва дар нашрияҳои кишварҳои араб чоп шуда, боиси хушҳолию сарфарозии мусулмонони ин давлатҳо аз таҷлили 1310-солагии ин нобиғаи илми фиқҳ дар Тоҷикистон гаштааст.                   Аз ҷумла дар муқоваи маҷаллаи бонуфузи олами Ислом, ки таҳти унвони «ал-Азҳар» дар Ҷумҳурии Мисри Араб нашр мегардад, чунин омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон мақолаҳо менависад».                  Дар 11 саҳифаи ин маҷалла мақолаи илмии Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиндагии ибратбахши Имоми Аъзам, нақши эҷодиёти гаронбаҳои ӯ дар ташаккули ҳуввияти миллии тоҷикон ва ҳамчунин дар рушду нумӯи беназири илми фиқҳи исломӣ чоп шудааст.                  Дар воқеъ тадбирҳои арзишманди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи фарҳанги миллию динии тоҷикон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Соли Имоми Аъзам гузарондани чорабиниҳои зиёди илмию фарҳангӣ натанҳо ба таҳкими ваҳдату ягонагии мардуми кишвар, балки ба муаррифии фарҳанги пурғановати миллати бостонии тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунанд.                  Дар маҷаллаи дигаре, ки таҳти унвони «Анбаъу Мускув» (Навидҳои Маскав) бо забони арабӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб нашр мегардад, андешаҳои Эмомалӣ Раҳмон аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих чоп шудаанд.                  Ин равандро коршиносон нишона аз болоравии обурӯю нуфузи Тоҷикистон ва Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои арабию мусулмонӣ маънидод мекунанд.

Апрель 21, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд