О. ОҚИЛОВ: «ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ БА САТҲИ СОЛИ 2008 НАМЕРАСАД»

Апрель 22, 2009 13:59

                  Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо вазири давлатии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлу, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи ҳафтуми Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот кард.                  «Мо қаноатманд аз онем, ки дар соли 2008 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Туркия зиёда аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, вале боиси тааассуф аст, ки бо сабаби таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар соли 2009-ум мо ба ин нишондиҳанда нахоҳем расид», — тазаккур дод Оқил Оқилов.                   Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ва Туркия бо талошҳои роҳбарияти олимақоми ин ду давлат заминаҳои хуби ҳамкориҳо фароҳам оварда шудааст, вале барои рушди онҳо аз тамоми захираву имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда намешавад. «Мо омодаем,ки дар оянда бо Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бахусус тиҷорат, тандурустӣ, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди пўст, коргоҳҳои истеҳсоли фурузонакҳои каммасраф, шиша, сохтмон ва рушди туризм ҳамакориҳои дуҷонибаро таҳкиму тавсеа бахшем», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон.                   Мустафо Саид Язиҷиоғлу изҳор дошт, ки Туркия барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон манфиатдор аст. «Мо омодаем, ки бо дарназардошти пешниҳоду тавсияҳои ҷониби Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои аҳамияти аввалиндараҷадошта муносибатҳои неку судманд дошта бошем. Ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароите баргузор мегардад, ки таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон бештар ба назар мерасад, вале ҳамкориҳои мо ҳамчун кишварҳои дўст ва шарикони ҳақиқӣ маҳз дар чунин мушкилот бояд густариш ёбанд», — мӯътақид аст Мустафо Саид Язиҷиоғлу.                  Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон масоили таҳкиму густариши равобити ду давлат дар соҳаи энергетика, бахусус сохтмони нерўгоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ мавриди табодули назари тарафайн қарор гирифт.

Апрель 22, 2009 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад