ОМОДАГӢ БА РӮЗИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нақшаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ ва оммавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 18 апрел таҷлил мешавад, бо Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 7 аперл тасдиқ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи пойтахт 18 апрел аз соати 13 то 17 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва Майдони «800-солагии Москва» сайругашти идона ва фурӯши маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил карда шуда, базмҳои шеъру суруд ва маҳфили бонувон таҳти унвони «Шаҳри ман» гузаронида мешавад. Дар Рӯзи пойтахт ҳамчунин, дар шаҳр як қатор иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифта, ҳашари умумишаҳрӣ ва марафони дав ташкил карда мешавад. Дар ин рӯз дар Маркази равобити пойтахт озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Марафони дав», «Мактаби сол-2008», «Директори сол- 2008», «Муаллими сол-2008», «Кӯдакистони сол -2008», «Мудири кӯдакистони сол -2008» «Мураббии сол-2008», «Синфи беҳтарини сол -2008» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






