РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР НАМЕГАРДАНД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Рӯзҳои фарҳанги Эрону Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина, Арманистон ва Туркманистон вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баргузор намегарданд. Ба қавли вазир, вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ 15 маъракаи калони фарҳангӣ гузаронида намешавад. Аз ҷумла, ҷашни 80 — солагии Театри давлатии академии драммавии ба номи Лоҳутӣ, иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналхалқии Маскав ва Ашқобод бекор карда шуданд. Танҳо нақшаи гузаронидани Озмуни байналхалқии телевизионии овозхонони ҷавон «Панҷ ситораи интервизион» дар Душанбе бетағйир мондааст, гуфт вазир.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






