РОҲИ ПАҲНШАВИИ НАШЪАМАНДИРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ
Бадахшон, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Нашъамандӣ дарди бедавои ҷомеа аст, ки решаҳои қавии заҳрогин дораду зуд инкишоф меёбад. Он новобаста аз миллату нажод, дину мазҳаб ва мақому мартаба ҷараён дорад. Имрӯз на танҳо табибон, балки мардуми оддӣ дар тамоми олам барои пешгирии ин вабои аср мубориза мебаранд. Ба хотири табобати ин беморӣ Бунёди Глобалӣ барномаеро зидди бемориҳои сирояткунанда рӯи кор овардааст, , ки амалӣ гардидани он тариқи Бахши Бадахшонии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷараён дорад. Тавре садри ин муассиса Имомалибек Қиёбеков, ки роҳбарии ин барномаро ба ӯҳда дорад иттилоъ дод, ҳадафи барнома пешгирии роҳи паҳншавии касалиҳои гузаранда мебошад. Маълум аст, ки суръати гузариши бемориҳои сироятӣ миёни нашъамандон хеле баланд аст ва шахси гирифтори беморӣ, атрофиёнро зуд сироят мекунад. Аз ин лиҳоз, ин барномаи махсуси нашъамандон аст. Тибқи нақша, имрӯз ин барнома дар навоҳии Шуғнон, Рӯшону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ фаъолият дорад. Дар ҷамоати Сохчарви ноҳияи Шуғнон, маркази ноҳияи Рӯшон ва дар ҷамоатҳои Андаробу Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бунгоҳҳои боварӣ мавҷуданд. Сӯзанҳои истифодашуда бозпас мегарданд, зеро истифодаи дубораи онҳо сабаби аз як шахс ба шахси дигар гузариши бемориҳои сироятӣ мегардад. Имомалибек Қиёбеков афзуд, ки нашъамандон ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ниёзманди кӯмаканд, зеро онҳо хеле заифу нотавонанд. Инро фақат худашон медонанду халос. Ба касе ҳам намегӯянд. Танҳо дунболи ёфтани «ризқ» ба сардию гармӣ нигоҳ накарда, ҷунбуҷӯл доранд. Ба ҷуз дард ҳамроҳу ҳамрозе надоранд, онҳоро бояд дастгирӣ кард, то дар қалбашон оташаки умед ба зиндагӣ тавлид гардад. Мақсади дигари барнома паҳн кардани дониш, оиди пешгирии нашъамандӣ ва бемориҳои сирояткунанда аст. Ба ин мақсад, бо шогирдони макотиби ҳамагонӣ ҷамъомадҳо баргузор мегарданд. Тавассути бозиҳои ҳархелаи зеҳнӣ ба наврасон дониш оиди бемориҳои мазкур ва роҳҳои пешгирии онҳо дода мешавад. Тариқи ин барнома метавонем шиддати паҳншавии нашъамандиро суст гардонем. Вақте, ки бо нашъамандон кор мекунем, онҳо нисбати мо эътимод пайдо мекунанд ва розу ниёзи хешро ифшо медоранд. Ин аст, ки аз ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо бохабар мешавем, медонем, ки онҳо дар чи ҳоланд ва кадом ҳамсафи нав пайдо кардаанд. Ва шахсоне, ки мехоҳанд вориди дунёи онон гарданд, онҳоро боз медорем. Вале агар аз онҳо дур бошем рӯз то рӯз нуфусашон бештар мегардад. Ба фикри Имомалибек Қиёбеков беҳтарин роҳи халосӣ аз ин дард тарбияти комил дар оила аст. Барои ҷавонони мо имрӯз тарбияти хуб лозим аст. Волидайн бояд дар таълиму тарбияи фарзанд ҷиддӣ бошанд. Аз онҳо бипурсанд, ки дар кӯча ба чӣ корҳо машғуланд? Чунин назорат бешак пойдевори кохи ахлоқро қоим мегардонад ва ҳар фарде, ки дар ҷодаи фарҳанг гом мениҳад, асло ба аъмоли зишт даст намезанад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






