РОНАНДАГОНИ ҶАВОН ҚОИДАҲОРО БЕШТАР ВАЙРОН МЕКУНАНД

Апрель 30, 2009 15:20

                    Қӯрғонтеппа, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа мушкилоти асосии соҳаи нақлиёт ин фаъолияти нақлиёти мусофиркаш дар гирду атрофи бозори марказӣ мебошад.                    Тавре сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Абдулло Давлатов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баҳри ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳо нисбати 80 нафар ронандагон барои надоштани иҷозатнома ва вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномагирӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.                    Аз рӯи маълумотҳои Раёсати мазкур, аксари вайронкунандагони қоида ронандагоне мебошанд, ки собиқаи корӣ надоранд ё ба синни 21 солагӣ нарасидаанд.

Апрель 30, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд