СӮҲБАТИ САФИРИ МАҶОРИСТОН БО ХАБАРНИГОРОН

Апрель 24, 2009 13:19

                    Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафири фавқулодда ва мухтори Маҷористон дар Тоҷикистон Януш Балу мулоқот кард. Дипломати маҷор ба Сарвари давлати Тоҷикистон эътимодномаи худро супорид.                    Сафири Маҷористон баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Маҷористон ва Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои дуҷониба хусусан дар шароити имрӯзаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ имкониятҳои хуб доранд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки роҳҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ карда, пайдо намоем. Ман баъди мулоқот бо Э.Раҳмон дарк намудам, ки мамлакатҳои мо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, аз ҷумла, гидроэнергетика ҳамкорӣ карда метавонанд. Ба қавли дипломат, Президенти Тоҷикистон имкониятҳои равнақу ривоҷи ҳамкории ҳар ду кишварро ҳамаҷониба таҳлил кардааст. Мақомоти дахлдори Маҷористон ҳамаи ин пешниҳодҳоро муфассал ва амиқ меомӯзанд, гуфт сафир.                   Януш Балу афзуд, ки муносибатҳои хар ду мамлакатро дар соҳаҳои саноати коркарди маҳсулот, истеҳсоли озуқа, иқтисод ва савдо, инчунин дорусозӣ ривоҷ додан мумкин аст. Мо ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд дору мефиристем, қисми зиёди он дар худи Маҷористон истеҳсол карда мешавад. Қайд карда шуд, ки Маҷористон ба ивази ин аз Тоҷикистон алюминий мегирад.                  Маҷористон ба нақши Тоҷикистон дар барқарор сохтани Афғонистон дар давраи баъди ҷанг баҳои баланд медиҳад. Мо ба хубӣ дарк менамоем, ки таъмини суботи вазъияти минтақа бе Тоҷикистон имконнопазир аст.                   Сафир дар ҷавоби саволи хабарнигорон изҳор намуд, ки Маҷористон дар соҳаи гидроэнергетика таҷрибаи калон дорад. Аз ҷумла, ба Афғонистон технологияҳои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дода шуд. Ба ин васила маҳалҳои хурди аҳолинишинро бо қувваи барқ таъмин кардан мумкин аст. Вай афзуд, ки масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Маҷористон дар соҳаи гидроэнергетика бо роҳбарияти вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ ҳамаҷониба муҳокима карда мешавад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоташ бо сафири Маҷористон, муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Н.Бордюжа барои боздиди кории дурӯза ба Душанбе омадааст.                   Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмон ва таъмини амнияти минтақа баррасӣ карда мешаванд.                                                                            Тарҷумон — Қудратов А.   

Апрель 24, 2009 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд