СӮИҚАСД БА ҶОНИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОНИ ҚИРҒИЗИСТОН
Бишкек, 16 апрел. (АМИТ «Ховар» — Кабар). — 14 апрел дар Бишкек ба ҷони вакили парлумони Қирғизистон Санҷар Қодиралиев сӯиқасд ташкил карда шуд. Шахсони номаълум ба сӯи ӯ дар наздикии хонааш аз аслиҳа оташ кушоданд. Вакили парлумон дар натиҷаи ин ҳуҷум ба ҳалокат расид. Роҳбари дафтари матбуоти ВКД Қирғизистон Боқит Саидов хабар дод, ки вобаста ба ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад. С.Қодиралиев яке аз тоҷирони ҷавони маъруфи Қирғизистон, инчунин муовини раиси Федератсияи варзиши ҷанги тан ба тан (панкратион) буд. Вай аз рӯи ин навъи варзиш қаҳрамони Евразия гардида буд. Номзадии ӯро ба вакилии парлумон ҳизби «Оқ жол» пешбарӣ карда буд. С.Қодиралиев 33 — сола буда, то ҳол муҷаррад буд. Ӯ тобистони соли 2008 ба ҷои вакили маъзулшуда аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Кӯршаби вилояти Ӯш вакили парлумон интихоб шуда буд. Вакили парлумон Давронбек Содирбоеви шодравон моҳи сентябри соли 2007 дар иҷлосияи парлумон изҳор карда буд, ки ба ҷони сӯиқасд тайёр карда мешавад. Ҳамон вақт ишора шуда буд, ки Санҷар Қодиралиев ба ин сӯиқасд шарик буда метавонад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






