ШАБИ ЭҶОДИИ Ш. САЙФИДДИНОВ

Апрель 15, 2009 16:36

                 Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии оҳангсози машҳури тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов шаби эҷодӣ баргузор мегардад. Ҳунарпешагони Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри асбобҳои халқии Филармонияи ҶТ, донишҷӯёни мактабҳо ва коллеҷҳои мусиқӣ Ш. Сайфиддиновро табрик намуда, асарҳои эҷоднамудаи ӯро иҷро хоҳанд кард.                 Ш Сайфиддинов барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рудакӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон мебошад.                Барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳар субҳ бо суруди «Республикаи ман» оғоз мекунанд, ки муаллифи он Ш. Сайфиддинов аст.  Рӯзҳои наздик дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи «Рӯдакӣ» намоиш дода мешавад, ки мусиқии онро Ш. Сайфиддинов офаридааст. Нахустнамоиши асари мазкур 16 апрел баргузор мегардад.                                                                         Тарҷумаи Зебо Иноятова

Апрель 15, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад