СОЛИ 2011 ҶТ КОМИЛАН АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ РАҲО МЕЁБАД?

Апрель 16, 2009 10:12

                 Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «То ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда мешавад», чунин зикр кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 апрел зимни паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.                  Дар робита дар зарфи се соли оянда дар соҳаи роҳсозии кишвар 2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ мегардад. Вобаста ба ин масъала Президенти мамлакат зикр кард, ки Ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати бунёди инфраструктураҳое, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебароранд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо, ҳамзамон ҷорӣ намудани механизмҳои худмаблағгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.                  Алҳол дар мамлакатамон ҳазору 200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақбҳо, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шуда истодаанд. Дар соли равон яке аз лоиҳаҳои бузурги инветитсионии бахши комуникатсионии кишвар- азнавсозии роҳи мошингарди «Душанбе — Чанак», ки масофааш 350 километрро ташкил медиҳад, пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонида мешавад.  Дар роҳи автомобилгарди 488 километраи «Душанбе — Ҷиргатол — Саритош» бошад корҳои бунёдию таҷдидӣ бо суръат идома дорад, ки он шаҳодати пешрафт ва дурнамои неки соҳа ва раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ аст.

Апрель 16, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд