СОЛИ БОБАРОР ОМАД
Бадахшон, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Соли 2008 барои идораву муассисоти фарҳангии ВМКБ соли бобарор омад. Аллакай 3 бинои китобхонаи марказии навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб хушсифат таъмир карда шуданд. Маблағро Вазорати фарҳанг ҷудо карда буд,- иброз дошт муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бозича Гулишоев, таъмири китобхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа дар арафаи анҷомёбист. Инчунин баъди таъмири Кохи фарҳанги деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахт ва деҳаи Қизилработи ноҳияи Мурғоб низ мавриди истифода қарор дода шуданд. Охири моҳи марти соли ҷорӣ рафти бунёди сохтмонҳои вилоятро санҷида, муовини Сарвазири кишвар Асадуллоҳ Ғуломов дар лоиҳаи театри вилоятӣ тағйиротҳои алоҳидаро ворид гардонд. Муовини сарвазир иброз дошт, ки ба хотири таъмири театр ғайр аз маблағи соли 2007 ҷудошуда боз маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






