ТАЛАБАГОНИ ТОҶИКИСТОН БА ОЛМОН МЕРАВАНД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Гурӯҳи аввали талабагони ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Бремени Олмон дар олимпиадаи 50-уми байналхалқӣ аз фанни математика иштирок мекунанд, маълум карда шуд. Онҳо баъди олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар мактаби миёнаи № 10 гузаронида шуда буд, интихоб гардиданд. Ба ҳайати доварон намояндагони Академияи илмҳои ҶТ, Гимназияи муштараки Тоҷикистону Русия, Гимназияи муштараки Тоҷикистону Туркия шомил буданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни интихобӣ 6 талабаи беҳтарин интихоб карда шуд. Онҳо талабагони Гимназияи муштараки Тоҷикистону Русия-Иномҷон Мирзоев, талабаи Гимназияи муштараки Тоҷикистону Туркия- Комрон Ғиёсов ва талабагони мактабҳои миёнаи шаҳр Олим Пирмаҳмадов, Шоҳин Саъдуллоев, Муҳаммад Шоев, Хусрав Ёров, Толиб Сайфиддинов мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои ҶТ Умед Каримов хабар дод. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






