ТАШВИШИ ДУХТУРОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Апрель 30, 2009 11:15

                Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар вилояти Суғд амалӣ сохтани тадбирҳои пешгирикунанда вобаста ба мушоҳида гардидани аломатҳои паҳншавии бемории зукоми мурғон дар минтақа аз нав давом дода мешавад. Сардухтури хадамоти байтории вилоят Муллоҷон Амирбеков ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар байни аҳолӣ, бозорҳо, муассисаҳои савдо ва корхонаю хоҷагиҳои мурғпарварӣ чораҳои пешгирикунанда андешида мешаванд.              Инчунин фаъолияти бунгоҳҳои санитарӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, майдони ҳавоӣ, истгоҳи марказии роҳи оҳан ва ҷойҳои дигар пурзӯр гардонда шуданд. Духтурон вазъи саломатии ҳамаи мусофирони аз мамлакатҳои дигар ба ҳудуди вилоят дохил гардидаро месанҷанд. Тибқи қарори 16 апрели соли равон қабулгардида ба ҳудуди вилоят ворид сохтани гӯшту тухми мурғ аз мамлакатҳое, ки дар онҳо бемории зукоми мурғон паҳн гардида буд, манъ карда шуд. Белгия, Гонконг, Ветнам, Норвегия, Олмон, Канада, Ҳиндустон ва Бангладеш аз ҷумлаи чунин мамлакатҳо мебошанд.              Ҳамаи ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ доранд. Онҳо баробари аз байн рафтани хавфи паҳн гардидани беморӣ бекор карда хоҳанд шуд, гуфт М.Амирбеков.

Апрель 30, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд