ТВ «САФИНА» БА НАВОРГИРИИ ФИЛМҲОРО ДАР БОРАИ ИМОМИ АЪЗАМ ШУРӮЪ МЕНАМОЯД

Апрель 14, 2009 14:53

                  Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар семоҳаи аввали соли 2009 корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти мутафаккири барҷастаи Шарқ Имоми Аъзам ба таври васеъ ба роҳ монда, як қатор барномаҳои илмию адабӣ, фарҳангию маърифатӣ таҳия ва пешкаши бинандагон намуд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз 14 апрел дар Душанбе доир гардид, директори ин муассиса Маҳмадсаид Пиров хабар дод. Ӯ қайд намуд, ки дар ин давра яке аз фармонҳои таърихии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба тавсиб расид ва дар ин радиф, теъдоди гузоришҳои таҳлиливу танқидӣ дар барномаҳои иттилоотӣ бештар гардид, ки ба бархе аз онҳо масъулини идораҳои давлатӣ вокуниш нишон доданд.                 Ҳамчунин, зикр гардид, ки аз моҳи январ то моҳи март кормандони идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи муассиса 6 филми бадеӣ аз ҷумла, «Шаби тулонӣ», «Шикасти афғонӣ», «Паланг мехоҳем», «Об аз куҷо меояд?» ва 12 филми мустанадро тарҷума ва дубляж карданд.Дар ин муддат банаворгирии филмҳои телевизионии «Пуштаи хандакпеч» ва «Чӯҷаҳо» аз ҷониби коргардонҳо Саид Қодирӣ ва Юнус Юсуфов анҷом ёфта, пешкаши тамошобинон гардид.                 Маҳмадсаид Пиров дар бораи нақшаҳои фаъолияти телевизион сухан карда, гуфт, ки дар семоҳаи дуюм бахшида ба Соли Бузургдошти Имоми Аъзам банаворгирии филми ҳунарии «Фақеҳи тамоми давру замонҳо» ва филми телевизионии «Кӯҳистонӣ» оғоз меёбад. Рӯзҳои наздик намояндагии муассиса дар навоҳии водии Рашт ба кор шурӯъ мекунад.  Қобили зикр аст, ки дар ин семоҳа дар асоси Оинномаи муассиса намояндагиҳои «Телевизиони Сафина» дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба филиал табдил дода шуданд.

Апрель 14, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад