ВАЗОРАТИ МОЛИЯ НИСБАТ БА БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ ЧОРАҲОИ ҚАТЪӢ МЕАНДЕШАД

Апрель 14, 2009 15:11

                Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идораи хазинаи давлатиро дар доираи андешидани чорабиниҳо нисбат ба бӯҳрони молиявӣ тасдиқ кард.                 Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки сарфи назар аз зимистони сарду бебарқ ва баланд будани нишондиҳандаҳои афзоиш дар соли гузашта, аввали соли равон нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ баръало зоҳир гардида истодаанд.                 Дар робита ба ин вазъ ва пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиявӣ Вазорати молия як қатор чораҳо андешида истодааст. Аз ҷумла, танзими мутавозини буҷаи соли 2009 ва иваз кардани буҷаи соли 2009 ба буҷаи идоракунии бӯҳрон, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии идораи хазинаи давлат, таъмини ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории сатҳи пешбинишудаи хароҷоти иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардониву дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиро вазорат пешниҳод мекунад.                 Мавриди зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои мазкур вазорат пешниҳод месозад, ки ба муҳити макроиқтисодӣ ва иҷрои қисмати даромади буҷа, муносибот бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, талабот ба захираҳо ва чораҳои минбаъдаи макроиқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.               Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои дарозмуддатро Вазорати молия дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, афзудани талабот ба маҳсулоти дохилӣ, сармоягузорӣ ба рушди шахсият, озод кардани тиҷорат аз монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва инкишофи низоми рушдёфтаи молиявӣ дар кишвар ва ғайра маънидод мекунад.

Апрель 14, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад