ЖУРНАЛИСТОНИ СУҒД ВА ТАРЗИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ВАО
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрўз, 21 апрел дар шўъбаи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд семинари омўзишӣ дар мавзўи «Инъикоси масоили фарҳангӣ дар воситаҳои ахбори омма» ба кор шурўъ кард. Семинари мазкур бо ташаббуси маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, шўъбаи рўзноманигории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва маркази иттилотиву маърифатӣ ва фарҳангии «Фурўғ» ташкил гардида, таи 5 рўз, то 25 апрели соли ҷорӣ давом мекунад. Аз маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи барнома дар назар аст, ки се давраи семинарҳои панҷрўза барои рўзноманигорони матбуот, телевизиону радио ва донишҷўёни шўъбаи рўзноманигорӣ гузаронида шавад. Бояд гуфт, ки ҳадафи ташкилу доир кардани семинар баланд бардоштани сатҳи касбии рўзноманигорон оид ба инъикоси масъалаҳои фарҳанг мебошад. Дар ҷараёни семинар омўзонидани муҳимтарин матлабҳо оид ба раванду ҷараёнҳо, мактабҳои гуногуни санъат, истилоҳоти махсуси ин соҳаҳо дар иртибот бо жанрҳои рўзноманигорӣ, таҳлили асарҳои санъат ва баҳогузорӣ ба онҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Маводҳои ин семинар дар шакли китоб таҳти унвони «Инъикоси масоили фарҳанг дар ВАО» интишор хоҳад гашт, ки он фарогири соҳаҳои рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, хореография, мўд ва дизайн мебошад. Барои гузаронидани семинари мазкур санъатшиносони варзида аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон ҷалб шудаанд.