ЗИЛЗИЛА ДАР ИТАЛИЯ
Рим, 8 апрел. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Дирӯз дар қисмати марказии Италия замин сахт ҷунбид. Қувваи зилзила дар марказаш қариб ба 5,5 балл мерасид. Тибқи хабарҳои расида, дар натиҷаи зилзила 228 нафар ҳалок шудааст. Ба ақидаи шоҳидон, шумораи қурбониёни зилзила боз ҳам бештар гардида метавонад, зеро баъди зилзилаи аввал дар ин ҷо боз замин ҷунбид ва қисми зиёди маҳаллаҳои харобгардида ҳанӯз аз шикастапораҳои биноҳо тоза карда нашудаанд. Сарвазири мамлакат Силвио Берлускони ба хабарнигорон гуфт, ки бар асари ин фалокат бештар аз 1,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардида, 15 нафар бе ному нишон гумм шудаанд, қариб 17 ҳазор нафар бесарпаноҳ мондааст. Барои онҳо дар майдонҳои варзишии шаҳр хаймаҳо зада шуданд. Дар маҳалли зилзила аз 3 то 10 ҳазор бино харобу валангор гардид. Мутахассисон изҳор мекунанд, ки чунин зилзилаи шадид дар Италия дар давоми 30 соли охир бори аввал рух медиҳад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






