ҒАМХОРӢ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Май 6, 2009 17:17

                  Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Ба муносибати Рўзи Ғалаба имрўз, 6 май вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо иштирокчиёну маъюбон ва кормандони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият кардаанд, вохўрӣ доир намуд.                Ҳангоми мулоқот вазири фарҳанг қайд кард, ки иштироки онҳо дар ҷанг дар саҳифаи зиндагии мо нақши муҳим дорад, зеро хизматҳои шоёни эшон буд, ки мо ба чунин рўзҳо расидем.               «Махсусан, зикр намуд вазир,- онҳо дар инкишофи фарҳанги тоҷик, таълиму тарбияи кадрҳо корҳои назаррасеро анҷом додаву имрўз ҳам ба синну соли хеш нигоҳ накарда, асарҳои хусусияти тарбиявидошта меофаранду дар корҳои ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд.             Ҳамчунин, бо мақсади дастгирӣ намудани иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба 6 нафар иштирокчиён, 3 нафар ҷанговарони интернатсионалист, 9 нафар кормандон ақибгоҳи ҶБВ бо маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.              Ғайр аз ин, ба 61 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолону маъюбон, оилаҳои бесаробонмонда ва дорандагони унвонҳои фахрӣ ба андозаи 60 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд.               Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Май 6, 2009 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд