ҚОРИЁНИ «КИТОБИ ОСМОНӢ» ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД

Май 7, 2009 11:23

                     Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори бузургдошти соли Имоми Аъзам 11-12 июн дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Қироати Қуръон» баргузор мегардад.                    Назар ба иттилои ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Абдуҷалол Ализода, ҳадаф аз такшили озмуни «Қироати Қуръон» дарёфти беҳтарин қориёни Қуръони маҷид ва омода намудани онҳо ба озмунҳои байналмилалӣ мебошд.                   Даври аввали озмуни «Қироати Қуръон» дар ноҳияҳо ва даври дуюм дар вилоятҳо баргузор мегардад. Озмун дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта намояндагони Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Қориёни Қуръон», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Арабии Миср- шаҳри Қоҳира баргузор гардида буд, ҷойҳои дуюм ва чорумро ишғол намуданд.

Май 7, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд