ҲАМКОРИИ ИСТИХРОҶКУНАНДАГОНИ НАФТУ ГАЗИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати илмию техникӣ баргузор гардид. Дар он барномаи таҳқиқи технологии мавзеи Сариқамиш дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкурро Ҷамъияти саҳомии «Газпром зарубежнефтегаз» ва Ҷамъияти саҳомии «Саратовнефтегеофизика» — и Федератсияи Русия таҳия намудаанд. Дар машварат аз Тоҷикистон сардори Раёсати умумии геология Азиз Иброҳим, муовинони ӯ ва мутахассисони раёсат, аз ҷониби Русия муовини директори генералӣ, саргеологи Ҷамъияти саҳомии «Газпром зарубежнефтегаз» Вадим Рибалченко, роҳбари намояндагии Ҷамъияти саҳомии мазкур дар Тоҷикистон Сергей Туманов, муовини ӯ, мутахассисони Ҷамъияти саҳомии «Саратовнефтегеофизика» ва мутахассисони дигар иштирок доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои ҷустуҷӯи нафту газ дар мавзеи Сариқамиш асбобу анҷом ва таҷҳизоти навтарин истифода бурда мешавад. Асбобу анҷом ва таҷҳизот ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои Саратов, Екатеринбург, инчунин, аз Ҷумҳурии Қирғизистон оварда хоҳад шуд. Айни ҳол дар ин ҷо сохтани роҳҳои мошингард давом дорад. 15 июн дар мавзеи Сариқамиш шаҳраки муваққатӣ бунёд карда мешавад. Чуқурии чоҳҳое, ки дар ин ҷо канда мешаванд, то ба 6 — 7 километр мерасанд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






