АНДЕШАҲОИ МАРДУМ ДАР ТАҲИЯИ ҚОНУНҲО ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Май 19, 2009 10:49

                      Душанбе, 19 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Силсила вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон анҷом ёфт.                       Аз Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муддати ду ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳояи тобеи марказ бо интихобкунандагон вохӯрда нуктаҳои асосӣ ва аҳамияти Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонданд. Зикр шуд, ки самти асосии Паёми Президнети мамлакат ба рушди устувори иқтисодиёт, бунёдкорию созандагӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст.                       Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо масъалаҳои дигари вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шароити бӯҳрони молиявӣ баррасӣ гардиданд. Тамоми пешниҳоду дархости мардум ба инобат гирифта шуда, дар таҳияи қонунҳои ҷадид мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Май 19, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад