АСАРИ НАВИ ТЕАТРИ «ЛӮХТАК»

Май 29, 2009 09:32

                        Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 6 июн дар Театри давлатии «Лӯхтак» нахустнамоиши асари саҳнавӣ «Нури хуршед» аз рӯи намоишномаи драмматурги машҳури румӣ А. Попэско ба саҳна гузошта мешавад. Намоиши мазкур мазмуни баланди лирикӣ дошта, дар бораи дӯстии мушак бо раққосаи садафӣ, ки баҳри ин дӯстиву рафоқат онҳо тайёранд, ҷони худро нисор кунанд, ҳикоят мекунад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар театри «Лӯхтак» хабар доданд, ҳунармандон 2 сол боз ният доштанд, ки ин асарро ба саҳна гузоранд. Коргардони он Зафар Ҷаводов буда, дар он нақши асосиро Маҳинбону Ҳасанова иҷро менамояд. Ба наздикӣ намояндагони Вазорати фарҳанг ин намоишномаро қабул карда, ба он баҳои сазовор доданд.                         Ҳунармандони театр умед доранд, ки асари саҳнавӣ ба тамошобинон писанд хоҳад омад.

Май 29, 2009 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд