БОНКИ ҶАҲОНӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД

Май 18, 2009 13:02

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси минтақаи Бонки ҷаҳонӣ Моту Конишӣ ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар иброз дошт, ки бонки мазкур ҳамаи лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди рафъи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастгирӣ мекунад. Барои лоиҳаҳои дигари ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ кӯмакҳои дигареро ироа мекунад. Аммо кӯмакҳои молиявӣ он вақт роҳандозӣ мешаванд, ки агар дар давоми 18 моҳ қарзҳои дар соҳаи пахтакорӣ пурра ба бонкҳо баргардонида шаванд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонии кӯмакҳои молиявӣ кафолат диҳад.                    Вазирони рушди иқтисод ва савдо ва молияи ҷумҳурӣ вазъи бӯҳрони молиявии Тоҷикистонро аз кам шудани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ, поён рафтани нархи пахта ва алюминӣ дар бозори чаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Май 18, 2009 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд