БУНГОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАВ
Бадахшон, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бо кӯшишу ғайрати маъмурияти Ширкати барқии «Помир» дар шаҳри Хоруғ бунгоҳи нави хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт. Ба хотири беҳбудии хизматрасонии ширкат ба сокинони вилоят дар 1,5 соли охир ин 9-умин лоиҳаест, ки амалӣ гардонида мешавад. Қабл аз ин, лоиҳаҳои таъсиси сехи нави электронӣ, сарфаи оби Суманкӯл, васли ҳисобкунакҳои нав ва ғайра ҷомаи амал пӯшиданд. Дар марказ 12 нафар коршинос гирд омадаанд. Дар боби нерӯи барқ, асбобҳои барқӣ, пардохти ҳаққи хизмати нерӯи барқ ва ғайра, ки марбути ширкат аст, муштариён ба марказ сим мегузаронанд. Коршиносон ба хизмати онҳо мешитобанд. Бунгоҳи Марказ шабу рӯз фаъолият дорад. Хуллас, муштариён метавонанд, ба ҳар як саволи хеш дар ин марказ ҷавобҳои аниқ пайдо намоянд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






