ДАР ДУШАНБЕ КОЛЛЕҶИ ИДОРАИ САРҲАДҲОИ САҲА КУШОДА ШУД
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Коллеҷи идораи сарҳадҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кушода шуд. Ба ин муносибат ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, сафири Юнон Мара Маринаки, роҳбарияти Артиши марзбони ҷумҳурӣ, сафирон ва намояндагони мамлакатҳои аъзои САҲА, инчунин кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. Дар коллеҷ афсарони калони ҷузъу томҳои марзбони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои САҲА ва Афғонистон таҳсил мекунанд. Дар ин ҷо, инчунин, маркази тадқиқоти проблемаҳои сарҳад ташкил карда мешавад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки дар таърихи созмон бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона коллеҷи махсуси идораи сарҳадҳо кушода мешавад. Мо боварӣ дорем, ки муносибатҳоямон бо САҲА минбаъд вусъат хоҳанд ёфт. Сафири Юнон Мара Маринаки зикр кард, ки ҳукумати мамлакаташ соли 2009 барои оғози фаъолияти коллеҷ 80 ҳазор евро ҷудо мекунад. Сафири Норвегия гуфт, ки мамлакаташ ба коллеҷ ба маблағи 170 ҳазор евро кӯмак хоҳад расонд. Роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин дар фарҷоми ҷамъомад роҷеъ ба таъминоти молиявии фаъолияти коллеҷ сухан ронда изҳор намуд, ки бо ин мақсад дар давоми 7 соли оянда 5 миллион евро ҷудо карда мешавад. Барои ташкили оғози фаъолияти коллеҷ 2 миллиону 300 ҳазор евро лозим аст, гуфт вай.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






