ДАР МӮЪМИНОБОД БИНОИ МАКТАБ ТАЪМИР ГАРДИД

Май 20, 2009 08:38

                         Мӯъминобод 19 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар Паёми имсолаи сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки пешрафти ҷомеа таваҷҷӯҳи махсуси Президенти мамлакат равона карда шуд, ки минбаъд аз масъулини соҳа андешидани тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия ва дар робита ба таъмини пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд. Дар ҳамин росто бо мақсади таъмиру тармими мактабҳо дар водии Кӯлоб корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Таи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ аксари мактабҳои кишвар таъмиру тармим ва азнавсозӣ карда шуданд.                         Фақат дар ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминободи вилояти Хатлон давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ бинои панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, ки ҳанӯз солҳои 70- уми асри гузашта сохта шуда буд, давоми даҳсолаҳои охир таьмири умумӣ нагардида, дар ҳоли ҳузновар қарор дошт. Бо ташаббуси кумитаи падару модарон, дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ва маблағгузории ташкилоти ғайридавлатии КАРИТАС-и Швейтсария бинои сеюми мактаби мазкур аз таъмир бароварда шуд.                        Бояд қайд намуд, ки барои таьмири бинои сеюми мактаб 136 ҳазору 400 сомонӣ масраф гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулдаст»-и ноҳияи Мӯъминобод ба иҷро расонидааст. Дар маросими ботантана ба истифода супоридани бино раиси ноҳия, мудири маориф ва аҳли ҳозирин миннатдории хешро ба ташкилоти ғайридавлатии КАРИТАС ва сохтмончиён изҳор намуданд. Ҳамакнун 1010 нафар хонанда имкон пайдо намуданд, ки дар синфхонаҳои замонавӣ дар ду баст ба таълим фаро гирифта шаванд.

Май 20, 2009 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд