ДАР СУҒД КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЛАМПА СОХТА МЕШАВАД

Май 22, 2009 11:10

                       Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Аз аввали моҳи майи соли 2009 дар қаламрави вилояти Суғд маъракаи ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаштан оғоз гардид. Дар ин бора Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, қарор имзо кард.                        Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд иттиллоъ доданд, мувофиқи он раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеъияташон то охири соли ҷорӣ ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ мегузаранд. Ҳамзамон ниҳодҳои масъули давлатӣ вазифадор шуданд, ки 88 ҳазор оилаи камбизоати вилоятро бо лампаҳои номбурда таъмин кунанд.                     Тибқи ин қарор баъзе ташкилотҳои дахлдор муваззаф гаштанд, ки дар давоми соли 2009-2011 бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ як корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқиро дар ҳудуди вилоят сохта ба истифода диҳанд.                       Ёдрас мешавем, ки дар бобати сарфаҷӯёна истифода кардани нерӯи барқ Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қабул карда шуд. Қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади иҷрои ҳамин фармони Сардори давлат қабул шудааст.

Май 22, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд