ДИТ БА ҲАЙАТИ СРДОИ ПАЗИРУФТА МЕШАВАД

Май 13, 2009 15:46

                    Душанбе, 13 май,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ба ҳайати Созмони робитаи донишгоҳҳои олами исломӣ пазируфта мешавад.                   Масъалаи ба узвияти ин созмони мӯътабар пайвастани донишкадаи исломии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Мисри Араб -шаҳри Қоҳира зимни мулоқоти ректори донишкадаи мазкур Абдуҷалол Ализода бо дабири кулли Созмони робитаи донишгоҳҳои исломӣ доктор Ҷаъфар Абдуссалом баррасӣ шуд. Дар робита доктори мисрӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баррасӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкориро яке аз шартҳои асосии ба узвияти ин созмон пазируфта шудани донишкадаи исломии Тоҷикистон донист.                  Алҳол, дар ҳайати Созмони робитаи донишгоҳҳои олами исломӣ 150 донишгоҳи кишварҳои мусулмонӣ пазируфта шудаанд. Қароргоҳи созмони мазкур дар Арабистони Саудӣ аст.                 Сарвари донишкадаи исломии Тоҷикистон А. Ализода мегӯяд, ки шомил шудан ба ин созмони мӯътабар аз манфиат холӣ нест. Зеро он ҷиҳати рушди донишкада, хусусан тақвият бахшидани базаи моддию техникии он, таъсиси китобхонаи электронӣ ва дигар паҳлӯҳои дурнамои донишкадаи исломии Тоҷикистон нақши муҳим мегузорад.

Май 13, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд