ДОНИШҶӮЁНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ РУСИЯ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Май 21, 2009 16:44

                        Хуҷанд, 21 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Муовини консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, номзади илми таърих Андрей Ивашев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имсол аз вилояти Суғд ба мактабҳои олии Русия сад нафар дастпарварони мактабҳои миёна фиристода мешаванд. Онҳо дар натиҷаи озмун интихоб карда шуданд ва ба мактабҳои олии Русия бе имтиҳон дохил мегарданд.                         Хабар дода шуд, ки соли 2009 дар мактабҳои олии Русия барои хатмкунандагони мактабҳои вилояти Суғд 125 ҷой ҷудо карда шуд. Барои интихоби дохилшавандагон дар ҳайати консули генералии Федератсияи Русия дар Хуҷанд Азим Ёраҳмадов ва намояндагони хамаи 12 маркази фарҳангии дар вилояти Суғдбуда комиссияи махсус ташкил карда шуд.                        Тавре ки маълум аст, донишҷӯёни тоҷик дар ҳамаи мактабҳои олии Русия бо стипендия, ҷойи хоб ва шароити дигар таъмин карда мешаванд. Онҳо асосан дар Донишгоҳи давлатии табъу нашри Маскав, Донишгоҳи давлатии Волгоград, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Калуга ба номи Циолковский, Донишгоҳи давлатии нафту гази Тюмен ва ғайра таҳсил хоҳанд кард, гуфт дар хотима муовини консули Русия.

Май 21, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд