ФАРХОРИҲО БА САРФАКОРӢ ГУЗАШТАНД
Мӯъминобод, 19 май. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов) .- Дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар вохӯрии вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту корхона ва шахсони муттасадӣ бо аҳолӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон вохӯрии вакили маҷлиси намояндагон Хоналӣ Қурбонзода бо интихобкунандагон доир гардид. Дар вохӯрӣ паҳлӯҳои гуногуни Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар паёми навбатии сарвари давлат роҳҳои пешгирӣ аз шиддати бӯҳрони молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба кор таъмин намудани аҳолӣ, истифодаи оқилоиаи сарватҳои табиӣ аз ҷумла қувваи барқ, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ матрах гардидааст. Бояд қайд намуд, ки паёми Президенти мамлакат дар ноҳияи Фархор аз ҷониби ташкилоту корхона ва аҳолӣ дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда, дар муддати ду ҳафта бинои ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилоту корхонаҳо ба истифодаи фурӯзонакҳои камхарҷ гузаштанд. Дар марказҳои савдо ва бозори ноҳия бошад бо супориши ҳокимияти маҳаллӣ нуқтаҳои махсуси савдои фурӯзонакҳои камхарҷ фаъол гардонида шудааст. Таи рӯзҳои охир талабот ба ин намуди фурӯзонак афзудааст. Айни замон, ҷамъияти матлуботи ноҳия вобаста ба талаботи аҳолӣ азм дорад дар ҷамоатҳо ва маркази ноҳия нуқтаҳои дигари фурӯши фурӯзонакҳои камхарҷро бо нархҳои арзон ба роҳ монад- Ҳокимияти маҳаллӣ бошад, таъмини оилаҳои камбизоатро бо фурӯзонакҳои камхарҷи ҳозиразамон ба нақша гирифтааст.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






