ИНШООТИ ҶАШНӢ НУҚСОНДОР СОХТА ШУДАНД
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вобаста ба ҷашни 2700 — солагии шаҳри бостонии Кӯлоб беш аз 150 иншооти хурду бузург сохта шуд. Аммо чунон ки мушоҳида гардид, даҳҳо биноҳои ҷашнӣ саросемавор ва бо нуқсҳои зиёд сохта ба истифода дода шуданд. Бо гузашти на чандон вақти зиёд ин камбудиҳо ошкор гардиданд. Бино ба гуфти директори Осорхонаи шаҳр Ҳотам Асозода, бинои Осорхона бо харҷи 5 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, аммо чунон ки маълум шуд камбудиҳои сохтмонӣ зиёд буда, барои бартараф кардани он соли ҷорӣ боз 2 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. -Дар бораи камбудиҳо ба директори Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳа Раҳмоналӣ Ҳотамов аз тарафи директории Осорхона ду мактуби шикоятӣ ирсол гардидааст, ки бояд ислоҳи худро пайдо кунад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






