КДАМ ДАР МУБОРИЗА БО ҚОЧОҚИ НАШЪА САҲМИ БОСАЗО МЕГУЗОРАД

Май 20, 2009 16:35

                       Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Афзоиши қочоқи маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии он мисли пештара барои амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи ҷиддӣ дорад. Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ маълумот ба даст овардааст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори қочоқчии нашъа фаъолияти зидди қонунии худро дар бобати интиқоли маводи нашъадор, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ, ба қочоқи нашъа ҷалб кардани шаҳвандони хориҷӣ ба воситаи «роҳи балкан» то рафт бештар ривоҷ медиҳанд. Мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 380 кг маводи нашъадорро мусодира намуданд. Дар ин муддат дар минтақаи сарҳадӣ бо дастаи қочоқчиёни муссалаҳ се задухӯрд сурат гирифт.                      Мувофиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май то 30 ноябр дар қаламрави мамлакат амалиёти «Кӯкнор- 2009» гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар назди Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди зудамал ташкил карда шудааст. Мақомоти амнияти миллӣ ва марзбонон дар доираи ин амалиёт ҳамроҳи дигар сохторҳои муҳофизи қонуну тартибот барои тақвияти муҳофизати сарҳади давлатӣ, аз ҷумла дар роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъадор тадбирҳои иловагӣ андешиданд. Фаъолити онҳо дар бобати ошкор сохтану қатъ намудани ҳодисаҳои қочоқи маводи нашъадор ва шахсоне, ки ба ин ҷиноятҳо шарик мешаванд, пурзӯр мегардад.

Май 20, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад