МӮЪТАБАР ИБРОҲИМОВА ДАРГУЗАШТ
Хуҷанд, 22 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар даромадгоҳи театри ба номи К.Хуҷандӣ маросими пешаздафнии Ҳунарпешаи халқии Чумҳурии Тоҷикистон Муътабар Иброҳимова баргузор гардид. Аз пагоҳӣ бо ин ҳунарпешаи номдори саҳнаи тоҷик мухлисон, хешону пайвандон ва одамони зиёд падруд гуфтанд. Баъд митинги мотам оғоз гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқ Темурбоевич Мирхолиқов сухани ифтитохӣ намуд. Муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов, Арбоби Шоистаи ҳунар Ислом Саломов суханронӣ намуда, ба аҳли хонавода ва хешу пайвандони марҳум сабри ҷамил орзу намуданд. Баъд фарзанди марҳума Обидҷон Назаров ба сухан баромада ба ҳозирин миннатдори баён намуд. М.Иброҳимова дар тули 79 соли умри бобаракаташ корҳои бузургеро анҷом дода дар саҳнаи театри тоҷик саҳми босазое боқӣ гузоштааст. Спектаклҳои «Исёни арусон», «Модар нигарон буд», «Лайли ва Маҷнун» беҳтарин маҳсули меҳнати ӯ мебошад. М.Иброҳимова бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






