МАҶЛИСИ МУШТАРАК ДАР ОСТОНА

Май 21, 2009 16:48

                       Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Остона маҷлиси навбатии шашуми муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ баргузор гардид.                           Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва ЮНЕСКО, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия, гузаронидани Соли ҷавонон ва ташкили фаъолияти Шӯро ва Раёсати бунёди мазкурро муҳокима намуданд. Рӯзномаи маҷлис, инчунин, баррасии ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаро дар соҳаи ҳамкории гуманитарӣ барои солҳои 2009 — 2010 дар бар мегирад. Ҳуҷҷат гузаронидани ҷашнвораҳо, олимпиадаҳо, мулоқотҳо, конфронсҳо, намоишгоҳҳо, марафонҳои телевизионӣ, намоишгоҳҳои китоб ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Инчунин, гузаронидани мулоқотҳои зиёиёни илмию эҷодкор, тарҷумонҳои мамлакатҳои ИДМ, тайёрӣ ба таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.  

Май 21, 2009 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд