МАРАФОНИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ БА ШАРАФИ ИДИ ҒАЛАБА
Маскав, 8 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Ширкати байналхалқии телевизиону радиои «Мир» бо кӯмаки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ 9 май дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Ғалабаи мо» марафони телевизионии байналхалқӣ ташкил менамояд. Дар он 11 шаҳри калонтарини Русия ва мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, Санкт — Петербург, Брест, Тифлис, Остона, Кишинёв, Ереван, Севастопол, Боку, Владикавказ, Душанбе ва Бишкек ширкат меварзанд. Дар ҷараёни марафони телевизионӣ аз Майдони Сурх, шаҳрҳои Севастопол ва Брест барномаҳои мустақим намоиш дода мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имсол дар расми гузашти низомӣ бахшида ба 64 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх ҳамаи навъу намудҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия иштирок менамоянд. Аз Майдони Сурх на танҳо танкҳо, балки навъҳои навтарини техникаи ҳарбӣ гузар мекунад. Дар фазои шаҳри Маскав 70 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ машқҳои гуногунро иҷро хоҳанд кард. Тамошобинони телевизион шоҳиди таҷлили иди Ғалаба дар Флоти ҳарбии баҳрии Баҳри Сиёҳ дар майдони ба номи Нахимови шаҳри Севастопол хоҳанд гашт. Дар ҷараёни намоиш баҳрнавардони ҳарбӣ зимни гузоштани гулчанбарҳо дар киштиҳои ҷангии ғарқшуда намоиш дода мешаванд. Инчунин ба воситаи телевизион ҷараёни иваз гардидани дастаҳои посбонони ифтихорӣ дар қалъаи Брест намоиш дода хоҳад шуд. Марафони мазкур инчунин, ба воситаи муассисаҳои телевизионии давлатҳои дигари ИДМ намоиш дода мешавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






