МАРОСИМИ ИМЗОИ ҲУҶҶАТҲОИ РАСМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ХОРВАТИЯ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Дар Қасри Миллат маросими имзои ҳуҷҷатҳои ҳамкории Ҷумҳурии Хорватия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҷумла, сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич Эъломияи муштаракро дар бораи ривоҷ додани муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия имзо карданд. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ва мудири шӯъбаи корҳои хориҷӣ ва ҳамгироӣ бо мамлакатҳои Аврупои Ҷумҳурии Хорватия Андрея Явор протоколи ҳамкории вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироӣ бо мамлакатҳои Аврупои Ҷумҳурии Хорватияро имзо намуданд. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва раиси Палатаи иқтисодии Хорватия Надан Видошевич протоколи ҳусни тафоҳуми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи иқтисодии Хорватияро ба имзо расонданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






