МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Фарангис Раҳимова). — Субҳи 29 май дар назди Қасри Миллат маросими расмии истиқболи Президенти Туркия Абдулло Гул баргузор гардид. Меҳмони олиқадрро дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Туркия Абдулло Гул бегоҳии дирӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ҳар ду мамлакат барафрошта, дастаи посбонони ифтихорӣ ва гурӯҳи мутрибон саф ороста буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати Туркияро хайра мақдам гуфта, ҳамроҳи ӯ ба пояи ифтихор баромад. Сардори дастаи посбонони ифтихорӣ ба роҳбарони ҳар ду кишвар ҳисоботи ҳозирбош дод. Баъди ин оҳангҳои миллии ҳар ду мамлакат навохта шуданд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия аз назди дастаи посбонони ифтихорӣ гузар карданд. Президенти Туркия ба нишони эҳтиром дар назди парчами давлатии Тоҷикистон сари таъзим фуруд овард. Баъди анҷоми маросими истиқбол дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул шурӯъ шуд. Дар фарҷоми он имзои силсилаи ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






