МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРИИ ХАВФНОК ДАР ЖЕНЕВА
Женева, 19 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС ). — Дар Женева иҷлосияи 62 — юми Созмони ҷаҳонии тандурусӣ баргузор гардид. Дар он асосан проблемаҳои мубориза ба муқобили навъи нави бемории грипп — зукоми хук муҳокима карда шуданд. Директори генералии созмон Маргарет Чэн изҳор намуд, ки мо бояд ба хавфи паҳншавии ин беморӣ дар саросари ҷаҳон дуруст сарфаҳм рафта, дар баробари ин зарурати таъмини аҳолии ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо доруҳои муқобили гриппи муқаррарӣ фаромӯш накунем. Муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Кейҷи Фукуда қабл аз оғози иҷлосия зикр намуд, ки то рӯзҳои охир дар 40 мамлакати ҷаҳон 8829 нафар ба бемории зукоми хук гирифтор шудааст. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ 29 апрел ба ин беморӣ хавфи дараҷаи панҷумро мувофиқ донистанд. Ин чунин маъно дорад, ки хавфи паҳншавии беморӣ дар саросари ҷаҳон ба миён омадааст. Рӯзҳои охир дар бораи гирифтор шудани одамон ба ин беморӣ дар Ҷопон хабарҳо мерасанд. Вазири тандурустии Британияи Кабир Алан Ҷонсон иштирокчиёни иҷлосияро даъват кард, ки дар масъалаи додани дараҷаи шашум ба ин беморӣ шитобкорӣ накунанд. Ба ақидаи ӯ, ин иқдом ҷомеаи ҷаҳонро ба тарсу ваҳм андохта метавонад. Мавқеи вазири Британияро дар ин масъала вазирони тандурустии Зеландияи Нав ва Швейтсария ҷонибдорӣ намуданд. Вазири тандурустии Мексика Хосе Анхел Кордова қабл аз кушодашавии иҷлосия бо директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мулоқот кард. Вай хабар дод, ки Мексика ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хусусиятҳои микроби бемории нав маълумоти зарурии илмӣ пешниҳод кардааст. Ин барои сохтани дору барои табобати беморӣ кӯмаки калон мерасонад, гуфт Кордова. Дар иҷлосияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ намояндагони ҳамаи 193 мамлакати аъзои созмон иштирок доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






