МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ КИТОБ

Май 18, 2009 09:33

                        Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муассисаҳои табъу нашри ҷумҳурӣ аз 22 -умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» баргаштанд.                         Назар ба иттилои директори китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев дар намоишгоҳ, ки дар масоҳати 60 гектар ташкил гардида буд, намояндагони табъу нашри 160 давлати ҷаҳон иштирок дошт.                        Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ муассисаҳои табъу нашр, ба мисли «Адиб», «Ирфон», Маориф ва фарҳанг», «Эҷод» ва «Истиқбол» ширкат варзида, 140 номгӯй китобҳои тозанашрро ба намоиш гузоштанд. Ин китобҳо ба мавзӯҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бахшида шуда, шаҳодати рушди китобдорӣ ва табъу нашр дар ҷумҳуриамон мебошанд. Хусусан, гӯшаи Тоҷикистонро дар намоишгоҳи «Китоби Теҳрон», китобҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар адабиёте, ки ба тамаддуну давлатдории тоҷикон бахшида шуда буд, шукӯҳи тоза бахшиданд.                         Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳ бо мақсади рушди китобдорӣ, табодули таҷриба, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ноширони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ташкил карда шуд.                          Шариф Тошев афзуд, ки дар намоишгоҳ намояндагони Тоҷикистон натанҳо дастовардҳои соҳаи табъу нашрро ба маърази тамошо гузоштанд, балки Тоҷикистонро ба намояндагони дигар кишварҳо муаррифӣ намуданд. Тамошобинон ба адабиёте, ки ба ҷуғрофия ва фарҳангу таърихи Тоҷикистон бахшида шуда буданд, бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Мо ният дорем, ки як шумораи маҷаллаи «Китобдор»-ро, ки нашрияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аст, пурра ба фаъолияти намоишгоҳи «Китоби Теҳрон» бахшем, гуфт дар хотима Ш.Тошев.

Май 18, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид