МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО РОҲБАРИ ҲАЙАТИ МИСР
Димишқ, 27 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни иштирокаш дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар Димишқ бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Мисри Араб, муовини вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Ноила Ҷабр мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар дар арсаи байналхалқӣ муҳокима шуданд. Ноила Ҷабр изҳор намуд, ки мамлакаташ тайёр аст, курсҳои такмили маҳорати кормандони соҳаи дипломатияро ташкил дода, инчунин дар масъалаи омода сохтани тарҷумонҳои варзидаи забони арабӣ кӯмак расонад. Ҳамрохон Зарифӣ ҳамон рӯз, инчунин, бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сурияи Араб Волиди Муаллим мулоқот анҷом дод. Бояд гуфт, ки маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои СКИ таҳти раёсати мавсуф гузашт. Мусоҳибон вазъи имрӯзаи муносибатҳои дуҷониба ва нақшаҳои ояндаи ҳамкориро баррасӣ намуда, нақши сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сурия дар соли 2007 махсус таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки ин сафар муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишварро бештар густариш дод. Дар фарҷоми сӯҳбат паймон карда шуд, ки ояндаи наздик маҷлиси нахустини Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сурияи Араб гузаронида шавад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






