МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР ҚАЗОН
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Машварати навбатии шашуми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазон баргузор гардид. Дар он вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок дошт. Иштирокчиёни машварат дар мавзӯи «Анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва ҷавонон» табодули назар намуданд. Ҳамчунин вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг муҳокима шуданд. Зимни машварат таъкид шуд, ки дар доираи маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Екатеринбург рӯзҳои 15 ва 16 июни соли равон баргузор сохтани ҷашнвораи панҷуми ҳунари мамлакатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ карда мешавад. Иштирокчиёни машварат бо Президенти Ҷумҳурии Тотористон Минтемир Шаймиев мулоқот карда, дар тадбирҳои идонаи бахшида ба 123 — солагии шоири бузурги тотор Абдулло Тӯқай ширкат варзиданд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






