МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД

Май 8, 2009 18:44

                     Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди мушоракати иҷтимоӣ мақоми Созишномаи генералӣ асосӣ аст.                     Мӯҳлати амали Созишномаи генералӣ байни ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни ҶТ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008 ба охир расид.                         Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати ҶТ, Иттиҳодияҳои корфармоёниҶТ ва Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2011»-ро омода намуд. Санади номбурда бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2-юми феврали соли 2009 тасдиқ гардид.                        Дар ин ҳуҷҷати муҳим вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои тарафайн мушаххастар гардида, назорати иҷрои он қатъитар карда шудааст.                       Дар шароити таъсири бӯҳрони молиявӣ ба ҷараёни пардохти пурра ва саривақтии музди меҳнат «Дастуруламал оид ба пардохти маблағи иловагӣ ба кормандон ҳангоми бо айби корфармо ба таъхир афтодани музди меҳнат» таҳия ёфта аз қайди давлатӣ гузаронида шуд.                       Аз 1-уми апрели соли 2009 -26 ҳазору 758 корхона, ташкилоту муассисаҳо 10 ҳазору 371 корхонаю ташкилот тибқи Созишнома ва шартномаҳо фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Май 8, 2009 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд