НАТИҶАҲОИ АВВАЛИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР- 2009»
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 19 май кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашаъовари ВКД-и ҷумҳурӣ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди ҷамоти С. Турдиеви ноҳияи Панҷ шаҳрванди вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадориф валади Ҳасанбойро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз халтаи ӯ 10 кг 710 грамм афъюн ёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин, худи ҳамон рӯз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар натиҷаи амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи «Москва»-и ҳамин ноҳия шаҳрванд Сироҷиддин Назарови 21- соларо дастгир карданд. . Ҳангоми кофтуков аз ӯ 4кг 30 гр ҳашиш ёфт ва мусодира карда шуд. Тавре аз ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамаи ин амалиётҳои махсус дар доираи амалиёти «Кӯкнор- 2009» гузаронида мешаванд. Оиди ҷиноятҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






