ОҒОЗИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Имрӯз, 24 май маросими расмии истиқболи Президенти Хорватия дар майдони назди Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба шарафи меҳмони олиқадр дар майдони назди Қасри Президент парчамҳои давлатии Тоҷикистону Хорватия барафрошта, дастаи посбонони ифтихорӣ саф ороста буданд. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пояи ифтихор баромаданд. Баъди ин оҳангҳои миллии ҳар ду мамлакат садо доданд. Сипас Президенти Хорватия Степан Месич ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз назди дастаи посбонони ифтихорӣ гузашта, дар назди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оварданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич баргузор гардид. Баъди ин дар фарҷоми мулоқоти ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат силсилаи ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ имзо карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии ташрифи Президенти Хорватия ба Тоҷикистон вусъат додани равобити байнидавлатӣ, равнақу ривоҷи самтҳои афзалиятнок ва ҳамкории иқтисодии ҳар ду мамлакат, инчунин, ба роҳ андохтан ва тавсиа додани равобити илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Хорватия ба Тоҷикистон аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






