РОҲҲО ТАЪМИР КАРДА ШУДАНД

Май 22, 2009 12:05

                        Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Шаби 20 май дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва омадани сел дар ноҳияи Шуғнон роҳҳои мошингарди Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд.                         Пеш аз ин роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ (579 км) ва Хоруғ-Ишкошим (20 км) дар натиҷаи боридани борон ва омадани сел хароб гардиданд. Ғайр аз ин роҳҳои мошингарди Хоруғ-Ӯш ва Хоруғ-Қошғар дар км 152-юм дар наздикии деҳаи Куитезаки ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи боридани барф баста шуда буд. Айни ҳол, роҳи мошингард таъмир карда шуд ва ҳаракати нақлиёт дар он барқарор гардид.                         Дар км 109-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Ҷиргатол дар минтақаи Кабудҷари ноҳияи Нуробод корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Шаби 19 майи соли равон, дар ин ҷо дар натиҷаи боришоти зиёд, ки ба сел табдил ёфта буд, қитъаи соҳили дарёро шуста бурд. Дар км 134 роҳи мошингарди Ваҳдат -Ҷиргатол купруки мошингузари Нуробод пурра хароб гардид. Чи тавре ки, аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни замон корҳои барқароркунӣ дар ин минтақа идома дорад.  

Май 22, 2009 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд